← ← Назад к статьям
Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025”: Шоҳҷоиза ба “Дастаи ҳаваскори санъат” аз ноҳияи Шоҳмансур тақдим шуд
📅 30.10.2025
⏱️ 1 минут чтения
⭐ 5.0/5
“Дастаи ҳаваскори санъат” аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоҳҷоизаи Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025”-ро, ки дирӯз, 29-уми окябр, ҷамъбаст шуд, соҳиб шуд. Чанд дастаи ҳунарии дигар ҳам ҷойҳои ифтихориро гирифтанд.
Фестивал-озмуни “Андалеб-2025” аз рӯйи 12 номинатсия, аз ҷумла ҳунарҳои бадеии халқӣ, суруди ҳамсароён, навозиши умумӣ, навозиши якка, рақси якка, хор, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши порча аз ҷашну анъанаҳои мардумӣ, сурудҳои анъанавӣ, бахши ҳаҷвӣ ва ғайра баргузор шуд.
Шоҳҷоизаи озмунро “Дастаи ҳаваскори санъат” аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.
Ба мақоми аввал ҳунармандони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сазовор дониста шуданд. Ҷойи дуюм насиби дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияҳои Муъминобод, Файзобод ва шаҳри Панҷакент шуд. Зинаи сеюм ба ҳаваскорони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Рӯшон ва шаҳри Ҳисор дода шуд.
Маросими ҷамъбасти Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо садои карнаю доира дар фазои идона оғоз гардид. Ҳунармандон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи кишвар ва шаҳри Душанбе ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, либосҳои миллӣ ва созу асбобҳои мусиқиро дар ғурфаҳои худ ба намоиш гузоштанд.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ва дигар намояндагони вазорату кумитаҳои кишвар аз намоишгоҳ боздид карданд. Дар баробари ин, занону модарон имкон пайдо карданд, ки маҳсули писандидаашонро аз ин намоишгоҳ харидорӣ кунанд.
Дар идома маросими ҷоизасупорӣ бо пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ бо ширкати сарояндагон ва дастаҳои ҳунарӣ оғоз гардид. Дастаи ҳавакорон аз минтақаҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни рақси миллӣ, аз ҷумла “Рақси табақ”, “Рақс бо қошуқ”, “Рақси Зарафшонӣ”, “Рақси бадахшонӣ” ва “Рақс бо доира”-ро иҷро карданд. Ҳамчунин занони ҳунарманд аз шаҳри Панҷакент дар саҳна “рағзабофӣ” карда ин намуди ҳунари дастиро дар зери оҳанги созу наво ба тамошобинон муаррифӣ карданд.
Бояд гуфт, ба даври ҷамъбастии Фашнвора - озмуни “Андалеб-2025”, ки аз 20 то 25-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд, ҳунармандон аз 12 шаҳру навоҳии кишвар роҳ ёфтанд. Озмун аз моҳи июн то моҳи октябр дар се давр гузаронида шуд.
Ҳадафи ҷашнвораи мазкур дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат, рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ ва ҷалби мардум ба фарҳангу ҳунар арзёбӣ мешавад.
“Андалеб” - ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявӣ буда дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.